Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикоиҳо барои раиси ҷумҳури худ рай медиҳанд


Имруз мардуми Амрико пои сандуқҳои рай мераванд, то раиси ҷумҳури нави худро интихоб кунанд. Онҳо аз ду муддаъии аслӣ барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Борак Обама ва аз Ҷон Маккейн якеро интихоб хоҳанд кард. Назархоҳиҳои ахир дар Амрико нишон медиҳад, ки Обама-номзади Ҳизби Демократ дар сафи пеш қарор дорад. Райдиҳӣ дар ин интихобот чанд рузи пеш оғоз шуд ва бино ба хабарҳо, тақрибан 29 милён нафар дар 30 аёлат ба ҷонибдорӣ аз номзади худ рай додаанд. Дар қисмати шарқии Амрико, маслан дар Аляска, рузи сешанбеи соъати 15-и вақти Тоҷикистон ҳавзҳои райдиҳӣ боз мешавад ва райдиҳӣ рузи чаҳоршанбеи соъати 10 қабл аз зуҳри Тоҷкистон дар ғарби Амрико ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG