Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сабқати волейбол дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон байни дастаҳои мардона шурӯъ шуд.

Элмурод Тағоев, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, даври муқаддамотӣ бо ширкати 8 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор дар ду гурӯҳ дар толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар сурат гирифтааст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Қаҳрамони волейболи Тоҷикистон байни дастаҳои мардона дар бозии ниҳоӣ 7-уми ноябр муайян хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG