Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагии СБП ба БМТ то охири сол поён меёбад


Аксел Шиммелпфенниг-раҳбари ҳайати Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Тоҷикисон имруз дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки аудит ё расидагӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон то поёни соли ҷорӣ ба поён хоҳад расид. Вай баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳур ба хабарнигорон гуфтааст, ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шудааст, ки аз ҳисоби ҷамъоварии молиёт бахши даромади будҷаи давлатиро таъмин кунад. Оқои Шиммелпфенниг дар робита бо таъсири буҳрони сартосарии молӣ гуфтааст, ин буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон асари мустақим нахоҳад дошт, балки ба содироти он ва ба пулҳое, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон тавассути бонкҳо интиқол меёбанд, таъсири ғайримустақим хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG