Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони тоҷик ва интихоботи ИМА


Аксари ҷавонони тоҷик мегӯянд, аз барномаи қаблазинтихоботии номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико: Барак Обамаи демократ ва Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ дақиқан ошно нестанд, вале аз баҳсу мунозираҳои ин ду рақиби сиёсӣ, ки аксаран тариқи расонаҳои хориҷӣ намоиш дода мешавад, бештар аз сиёсати Барак Обама тарафдорӣ мекардаанд. Чун ба қавли як гурӯҳ аз ҷавонон, бо пирӯзии ин номзад муносибати Амрико бо кишварҳои ҷаҳон беҳбуд меёбад ва таваҷҷӯҳи ин кишвар ҳам барои тақвият ва тавсеаи равандҳои демократӣ дар минтақа афзун хоҳад шуд. Ва шояд дар таҳсилу кор барои ҷавонон имконоти бештаре фароҳам оварда шавад. Як ҷавон мегӯяд:

«Мехоҳем, ки оянда таҳсиламонро дар шаҳрҳои калонтарини Амрико идома диҳем ва аз ин рӯ фикр мекунам, Обама президент шавад, барои мо беҳтар аст. Чун ба ақидаи аксари сиёсатмадорон ҳам Обама хостори мустаҳкам намудани муносибатҳояш бо дигар кишварҳо аст.»

Фариза, як ҷавондухтари тоҷик ба вижа аз сиёсати сулҳҷӯёнаи номзад аз ҳизби демократҳо Барак Обама дастгирӣ мекунад.

«Обама мегӯяд, аз Ироқ сарбозонашонро мебарорад ва ман фикр мекунам, аз ин хотир бисёриҳо ба ӯ овоз медиҳанд. Маккейн бошад мегӯяд, идома медиҳад ҷангро, аммо бисёри мардум зидди ин аст ва бинобар ин тарафдораш камтар аст»

Дар ҳамин ҳол, иддае аз ҷавонон ба Маккейн ҳамчун меросбари Ҷорҷ Буш менигаранд, ки ҳашт сол маснади раисҷумҳури Амрикоро аз ҳизби ҷумҳурихоҳ соҳибӣ мекард. Ба эътиқоди Ҳанифа, яке аз ҳамсӯҳбатони дигари мо, маҳз дар замони ҳукмронии оқои Буш дар иқтисоди ин кишвар латма ворид гардид ва ба бовари ӯ, Ҷон Маккейн ҳам сиёсати ғасбгаронаи Бушро идома хоҳад дод:

«Ҷорҷ Бушро мо медонем ва аз сиёсаташ ҳам огоҳем ва на он қадар дастгирӣ мекунем, чун мехоҳад дигар давлатҳоро ғасб кунад. Аз ин рӯ, пирӯзии Обама дар ин интихобот аз ҷумла ба манфиати ҷавонони мо ҳам ҳаст»

Аммо гурӯҳи дигари ҷавонон аз ин интихоботи Иёлоти Муттаҳида ягон тағйироти ҷиддиеро интизор набудаанд. Фаридун, як узви ҷавони ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, баробари ба қудрат расидани Обама ва ё Маккейн сиёсати Амрико бидуни тағйир боқӣ хоҳад монд, аз ҷумла сиёсати байнулмилалии он. Фаридун мегӯяд, дар асл мавқеъ ва ақидаҳои ин ду номзад аз ҳам чандон тафовут надоранд:

«Шояд дар дохил тағйироте нисбат ба андоз ё дар робита бо истифодабарии захираҳои потенсиали иқтисодии худашон ягон тағйироте бошад, аммо дар муносибатҳои байналхалқӣ онҳо ҳарду як андеша доранд.»

Ба ҳамин тартиб, аксари ҷавонони тоҷик ба пирӯзии Борак Обама бештар боварӣ доранд, вале Акрам шонси Обамаи сиёҳпӯст дар баробари Маккейнро камтар мешуморад, бо вуҷуди он, ки зоҳиран Обама тарафдорони зиёд дорад:

«Дар матлаби як таҳлилгари амрикоӣ мутолиа намудам, ки айнан чунин воқеа ҳангоми интихоботи губернатори яке аз иёлоти Амрико рух дода буд, ки қабл аз интихобот аз рӯи таҳлилҳо номзади сиёҳпӯст назар ба рақиби сафедпӯсти худ бояд тақрибан 18 дар сад овози бештар мегирифт, аммо дар рӯзи интихобот, мардум аксарият бар зидди номзади сиёҳпӯст овоз доданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҷамъият дар Амрико ҳоло ҳам бо ҳамон андешаҳои шахшудаанд ва мардуми сиёҳпӯстро аз худ як зина поин меҳисобанд.»

XS
SM
MD
LG