Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори корманди дукони мубодилаи пул дар Душанбе


Бино ба хабари дафтари матбуъотии вазорати дохилаи Тоҷикистон, 3-юми ноябр дар назди бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе Аюб Сафаралиев-сокини 21-солаи ноҳияи Восеъ бо зарби тири мусалсали Калашников кушта шуд. Вай дар яке аз дуконҳои мубодилаи пул кор мекард. Бино ба хабари ин манбаъ, афроди мусаллаҳи ниқобпуш савори мошини Нексия дар ҳоле ба суи Сафаралиев тир холӣ кардаанд, ки вай дукони худро боз мекард. Афроди номаълум 20 ҳазор сомониро аз дукон бо худ гирифтаанд ва аз маҳали ҳодиса ғайб задаанд. Амалиёти ҷустуҷу идома дорад.

XS
SM
MD
LG