Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ - 1: 1


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии дуввумашро дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ бо тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1: 1 анҷом дод.

Бозии даври дуввуми гурӯҳи «С» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ, қаҳрамони феълии Осиё, шоми 3-уми ноябр дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад Бин Фаҳади шаҳри Даммоми Арабистон баргузор шуд.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон пас аз нокомӣ дар даври аввал аз тими Чин бо ҳисоби бузурги 0:6, барои аз даст надодани охирин имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтан кӯшиш ба харҷ дод. Бозигари ҷавони тоҷик Самад Шоҳзуҳуров дар дақиқаи 40-ум ҳисобро боз кард ва он то хотимаи замони асосӣ тағйир наёфт. Вале дар замони ҷубронкардаи сардовар ба бозигари тими рақиб Ан Ил Бом (дар дақиқаи 91-ум) муяссар шуд, ки тӯбро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид карда, дастаашро аз шикаст раҳо намояд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, мегӯяд: «Дар ин дидор ширкат накардани ҳамлагарони аслии даста - Комил Саидов ба иллати хориҷ шудан дар бозии пешин ва Давронҷон Тухтасунов, ки дар ҷараёни сабқати интихобӣ аз иштирок дар якчанд бозӣ маҳрум шудааст, - асар кард. Ҳамлагарони дигари даста аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Умуман даста дар бозии дуввум хубтар бозӣ кард, вале ин мусовӣ ба бохт баробар аст».

Дастаи Тоҷикистон танҳо дар сурати пирӯзӣ бо ҳисоби хеле бузург бар тими Лубнон ва бохти Кореяи Шимолӣ аз тими Чин имкон дорад ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёбад.


Дар бозии дигари гурӯҳи «С» дастаи Чин бар тими Лубнон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ Чин бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. Кореяи Шимолӣ бо 4 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Тоҷикистон бо 1 имтиёз ҷои сеюмро касб кардааст. Лубнон бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор дорад.

Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 5-уми ноябр Куриёи Шимолӣ бо Чин ва Тоҷикистон бо Лубнон бозӣ хоҳанд кард.


Натоиҷи бозиҳои гурӯҳи «D»: Узбакистон – Австралия – 1:1, Тайланд – Урдун – 3:2.

Пас аз бозиҳои даври дуввум дар гурӯҳи «А» Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ бо 6-имтиёзӣ, дар гурӯҳи «В» Аморати Муттаҳидаи Араб бо 6 имтиёз ва Ироқ бо 3 имтиёз, дар гурӯҳи «D» Австралия ва Узбакистон бо 4-имтиёзӣ пешқадам мебошанд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 8-уми ноябр баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Чаҳор дастаи ба бозиҳои ниманиҳоӣ (11-уми ноябр) роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG