Пайвандҳои дастрасӣ

Довталабони курсии президентӣ Барак Обама ва Ҷон Маккейн охирин имконоти ҷалби раъйдиҳандагонро истифода мекунанд.

Дар ҳоле, ки то бозшавии нуқтаҳои овоздиҳӣ дар саросарӣ ИМА ҳамагӣ чанд соат боқӣ мондааст, довталабони мақоми раисҷумҳури ин кишвар талоши зиёд мекунанд, то миқдори бештари интихобкунандагонро ба худ ҷалб намоянд.

Ба эътиқоди баъзе таҳлилгарон, нерӯозмоии демократ Барак Обама ва рақибаш ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн фазои сиёсии Амрикоро тафсондааст. Бино бар натиҷаҳои назархоҳиҳои мухталиф, ки зуд-зуд дар маҷаллаҳо, рӯзномаҳо, телевизион ва шабакаи интернет интишор мегарданд, Обамаи ҷавон дар айни ҳол бар рақиби солхӯрдааш Маккейн бартарии чашмрас дорад ва аммо то чӣ андоза воқеъӣ будани онҳоро аллакай имрӯз бегоҳӣ баъд аз басташавии ҳавзаҳои интихоботӣ мешавад муайян кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ низ бо кӯшиши анҷоми чунин як назархоҳии мустақил вориди кӯчаҳои Ню-Йорк шуда, аз раҳгузарон савол кард, ки оё интихоботи раёсатҷумҳурӣ барояшон муҳим аст ва ба кадом номзад онҳо овоз хоҳанд дод?

Нахустин шахсе, ки розӣ шуд, то бо ман сӯҳбат кунад, пирамарди 80-сола буд, ки худашро Эндрю муаррифӣ намуд. Вай гуфт, ҳеҷ вақт дар интихобот ширкат накардааст ва ширкат карданӣ ҳам нест: “Ман ҳаштодсолаам ва дар умрам ягон бор дар интихобот ширкат накардаам. Ман довталаберо мунтазирам, ки битавонад маро барои раъйдиҳӣ дилгарм кунад. То айни замон ҳеҷ кас инро карда натавонист. Ман ҳоло ҳам интизорам”.

Бояд гуфт, ки на ҳама дар Амрико изҳори чунин бефаъолиятии сиёсӣ мекунанд. Дар умум, аҳолии кишвар ба ҳаёти сиёсӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад ва кӯшиш мекунад, ки бо ин ё он роҳ назарашро ошкор намояд. Ҳамин тавр, ҳамсӯҳбати дигарамон ҷавондухтар Сандра, ки мегуфт хеле шитоб дорад, бо вуҷуди банд буданаш бо омодагӣ бо мо ҳамсӯҳбат шуда, эълом намуд:

“Бале, ман ҳатман фардо рафта, ба ҷониби номзади худ овоз хоҳам дод. Ман фикр мекунам, ки интихоботи кунунӣ аҳаммияти хеле зиёд дорад. Пеш аз ҳама барои он, ки вазъи ҳозира ваҳшатнок аст. Ҳама аз як маош то маоши навбатӣ ба сар мебаранд ва хароҷоташонро маҳдуд карда, кӯшиш мекунанд, ки пули худро ҳифз кунанд. Илова бар ин, ҳар он чизе, ки дар ҳукумат ва Кохи Сафед анҷом мешавад, масхараомез аст. Ин ягон сирре нест ва бидуни шубҳа, ман ба ҷонибдории Барак Обама овоз медиҳам. Пеш аз ҳама ӯ ҷавонтар аст, ман муқобили Маккейн ягон чиз надорам, аммо Обама ба Кохи Сафед дигаргунӣ хоҳад овард ва ҳамаи мо мунтазири тағйиротем”.

Бо дарназардошти он ки Ню-Йорк яке аз пойгоҳҳои ҳизби демократии Амрико маҳсуб мешавад ва аксарияти аҳолии ин иёлат ва яке аз сераҳолитарин шаҳрҳои кишвар аз ин ҳизб ва номзадаш ба мақоми раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ мекунад, мардуме, ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат мешудем, назари ҳамсон доштанд.

Аммо Сем ном ҷавонмард, ки намуди бисёр афсурда дошт ва ҳатто намехост ба сӯҳбат ҳамроҳ шавад, гуфт, ки аз ноилоҷӣ ба Маккейн овоз медиҳад, чунки ягон интихоби муносибро намебинад: “Ман ба Маккейн раъямро медиҳам. Ман бар ин назарам, ки номзадии вай интихоби беҳтар миёни ду интихоби бад аст”.

Дар барномаҳои таҳлилии мутахассисон ва ҳатто баъзе аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ бо таассуф маҳз ба ҳамин фикр таъкид доштанд. Гуфта мешуд, ки ҳатто дар тавофут аз маъракаи интихоботии чор соли пеш бо дарназардошти адами боварии зиёди мардум ба Ҷорҷ Буш дар иёлатҳои калидӣ, ба мисоли Каролинаи Шимолӣ ва Флорида, бартарии вай бар рақибаш Ҷон Керрӣ қобили мулоҳиза буд, аммо дар айни замон Маккейн маҷбур аст ҳатто дар он иёлатҳое, ки одатан ҷумҳурихоҳонро ҷонибдорӣ мекунанд, бо муқовимати сахти демократҳо рӯбарӯ шавад.

Бо вуҷуди ин ҳама пешгӯиҳои ноумедкунанда баъзе мақомдорони аршади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба пирӯзии номзадашон боварӣ доранд. Ҳамин тавр, муъовини раиси ҳизби ҷумҳурихоҳ Франк Донателлӣ бо комили боварӣ эълом намуд, ки агар теъдоди зиёди ҷонибдорони ҳизб дар интихобот ширкат кунад, Маккейн метавонад дар иёлатҳои ҳаётие, ки ба ҳеҷ як ҳизб моил нестанд, ба монанди Флорида, Оҳайё, Вирҷиния, Каролинаи Шимолӣ ва ҳатто Пенсилвания, раъйҳои заруриро касб намуда, ба Кохи Сафед роҳ ёбад.

Ва аммо дар кӯчаҳои Ню-Йорк бо чунин мавқеъ аксарият норозианд ва аз даҳҳо нафар, ки мо ба онҳо бо чунин савол муроҷиъат намудем, гуфтанд, умедворанд фардо баъд аз эълони натиҷаҳо Барак Обама ба Вошингтон омада, нахустин раисҷумҳури сиёҳпӯсти Амрико хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин, охирин ҳамсӯҳбатамон, ки ходими почта будааст, гуфт, тасмими ниҳоӣ нагирифтааст ва ҳайрон аст, ки ба кадом номзад овоз диҳад: “Ман то ҳоло тасмим нагирифтаам, ки ба ҷониби кӣ овоз диҳам. Онҳо ҳама ваъдаҳои бисёр медиҳанду баъд аз ба вазифа омаданашон ваъдаҳояшонро иҷро намекунанд. Ман тасмимамро дар охирин лаҳза хоҳам гирифт. Ман умуман аз қабили чунин нафароне мебошам, ки дар охирин лаҳза ба як қарор меоянд. Аммо ин дафъа баргузидани яке аз номзадҳо хеле вазнин аст”.

Ва дар ҳамин ҳол раисҷумҳури кунунии Амрико Ҷорҷ Буш тасмим гирифт, то дар рӯзҳои боқимондаи то интихобот аз шабакаҳои телевизионӣ ва сархати хабарҳо худро канор бигирад. Тавре, ки сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино изҳор намуд, Ҷорҷ Буш намехоҳад ба ҳамҳизбаш Ҷон Маккейн ягон мушкил эҷод карда, ба маъракаи интихоботиаш халал ворид кунад. Ба ақидаи таҳлилгарон, ин ҳаракати бисёр оқилона аст, чунки сатҳи маҳбубияти Буш миёни аҳолӣ ба пасттарин нишондод баробар ба 22 дарсад расидааст ва Маккейн кӯшиш дорад, интихобкунандагонро бовар кунонад, ки сиёсати вай аз сиёсати Буш куллан фарқ мекунад.

XS
SM
MD
LG