Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Раҳбарони ду созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия огоҳ кардаанд, ки бӯҳрони молиявӣ метавонад, ба муҳоҷирони тоҷик зарбаи ҷиддӣ занад. Гавҳар Ҷӯраeва, раиси созмони "Муҳоҷират ва қонун" гуфтааст, аз ҳоло корфармоён садҳо муҳоҷирро бе додани музди корашон берун меронанд ва барои ин бӯҳрони молиявиро далел меоранд. Раиси Ҷунбиши умумирусиягии "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик" Каромат Шарифов гуфтааст, аз аввали сол корфармоёни Русия 28 миллион рубли заҳматкашидаи муҳоҷиронро напардохтаанд. Шарифов ҳамчунин огоҳ кардааст, ки созмонҳои нажодпарасти Русия имрӯз, чоруми ноябр мехоҳанд, бар зидди муҳоҷирон раҳпаймоиҳо баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG