Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин талошҳо дар интихоботи Амрико


Дар ҳоле ки то оғози расмии раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Амрико ҳамагӣ камтар аз ним рӯзи дигар мондааст, номзадҳо дар сартосари мамлакат пойга доранд, то барои бурдани раъйҳо охирин талошро бикунанд. Демократ Барак Обама ба се аёлате сафар кард, ки соли 2004 дар онҳо ҷумҳурихоҳон баранда шудаанд. Дар Флоридо ӯ ба интихобкунандагон гуфт, натиҷаи дарозтарин ва пурхарҷтарин сабқати президентии Амрико дар таърихи ин кишвар дар даст онҳост. Рақиби ӯ, Ҷон Макейн низ ба Флорида ва ҳафт аёлати дигар сафар кард. Тибқи бештари назарсанҷиҳои сартосарӣ Обама дар ин сабқат пешсаф аст.
XS
SM
MD
LG