Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон оғози интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро сар аз якуми ноябр расман тасдиқ карданд. Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, тибқи созишномае, ки миёни ин ду кишвар дар соли 2007 ба имзо расидааст, Туркманистон ҳар сол дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон 1,2 миллирад киловат/соат барқ интиқол хоҳад дод. Зарурати ворид кардани барқи Туркманистон ба Тоҷикистон дар ҳоле ба миён омадааст, ки Тоҷикистон зимистони гузашта ба мушкили шадиди камбуди барқ мувоҷеҳ шуд, то ҷое, ки ҳатто дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе маҳдудияти истифодаи барқ ҷорӣ гардид.
XS
SM
MD
LG