Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии дипломи қалбакии вазири Эрон дар порлумон


Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон имрӯз масъалаи барканории вазири умури дохилии Эрон, Алии Кордонро баррасӣ хоҳад кард. Вазир ба он айбдор мешавад, ки барои худ дипломи қалбакии Донишгоҳи машҳури Оксфорди Бритониёро таҳия кардааст. Кордон иттиҳомро пазируфт ва гуфт, шахсе худро намояндаи ин донишгоҳ муаррифӣ карда, ӯро фиреб додааст, аммо вазир аз истеъфо худдорӣ кард. Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод мухолифи барканории Кордон бо талошҳои порлумон аст ва мегӯяд, қазия ба фаъолияти касбии вазир бастагӣ надорад.
XS
SM
MD
LG