Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Покистон аз ҳамлаҳои мушакии Амрико


Вазири дифоъи Покистон мегӯяд, идомаи ҳамлаҳои мушакии Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави Покистон метавонад вокунишҳои хушунатомез ба бор оварда, талошҳои торумори терроризмро бесамар гардонад. Чаудрӣ Аҳмад Мухтор ин паёмро дар мулоқот бо раҳбари фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳои Амрико, геренал Дейвид Петреус мунташир кард. Вошингтон чунин баёнияҳои пешинаи Исломободро нодида гирифтааст ва ё дар беҳтарин ҳолат ҳамлаҳоро зарурати ҳифзи нерӯҳои байнулмилал дар Афғонистон аз ҳамлаҳои фаромарзии ситезаҷӯён номидааст.
XS
SM
MD
LG