Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Набарди Обама ва МакКейн барои Флорида


Барак Обама ва Ҷон МакКейн, номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико, дар як рӯзи боқимонда то интихобот барои касби орои ҳарчӣ бештар талош меварзанд. Обамаи демократ имрӯз аз 3 аёлати Флорида, Каролинаи шимолӣ ва Вирҷиния, ки дар интихоботи соли 2004 аз номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ пуштибонӣ карда буданд, дидан мекунад. МакКейни ҷумҳурихоҳ рӯзи душанбе дар 7 аёлат –аз аёлати Флорида дар шарқ то зодгоҳаш - аёлати Аризона дар ғарби Амрико – суханронӣ мекунад. МакКейн дар Флорида гуфт, ба фарқ аз вай, рақиби демократаш таҷрубаи мубориза бо бӯҳронҳоро надорад: "Демократҳо дар Конгресс дар бораи коҳиши масрафоти низомӣ сӯҳбат мекунанд. Нирӯҳои мо дар ду ҷанг набард доранд ва посухи демократҳо коҳиши масрафоти низомӣ ва ба курсӣ нишондани нафарест, ки душманони мо имтиҳонаш хоҳанд кард. Ман имтиҳон шудаам, ман ин имтиҳонро гузаштаам. Аммо сенатор Обама – не!” Бар асоси аксари назарсанҷиҳо, Обама дар ҳоли ҳозир бар МакКейн бартарӣ дорад. Барои касби пирӯзӣ ба довталабон лозим аст, пуштибонии дасти кам 270 вакил аз 538 вакили интихоботиро ба даст биоранд.
XS
SM
MD
LG