Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ раисҷумҳури ИМА мешавад?


Довталабони курсии президентии ИМА аз охирин имконот барои ҷалб кардани шаҳрвандони ҳанӯз тасмим нагирифта истифода мебаранд.

То доир гардидани интихоботи раисҷумҳурии ИМА рӯзҳои башумор мондааст.

Дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико, тибқи қонун, маъракаи таблиғу тарғиби номзадҳо ба мақоми раисҷумҳур то шурӯъи раъйдиҳӣ идома меёбад. Аз ин рӯ Обама ва Маккейн охирин рӯзҳои қабл аз овоздиҳӣ дар иёлатҳои гуногун ва дар назди издиҳоми бузурги мардум суханронӣ мекунанд. Довталаб аз ҳизби демократ рӯзи якшанберо дар иёлати Оҳайо сипарӣ кард – дар иёлати, аз нигоҳи коршинсоон, калидӣ, ки онҷо чаҳор сол қабл номзади ҷумҳурихоҳон пирӯз шуда буд.

Барои шунидани барномаи интихоботии Обама дар шаҳри Кливленд ҳудуди 80 000 нафар ва дар Колумбус, маркази маъмурии Оҳайо, беш аз 60 000 кас ҷамъ омаданд. Обама дар суханрониаш, аз ҷумла, гуфт: «Баъд аз ду рӯз шумо метавонед саҳифаи сиёсатеро варақгардон кунед, ки дар он хасисӣ ва бемасъулиятӣ волотар аз заҳмати сангин ва худфидоии амрикоиҳои одӣ маҳсуб мешуд. Баъд аз ду рӯз шумо метавонед сиёсати сармоягузорӣ ба табақаи миёнаҳоли мо, таъсиси ҷойҳои нави кор ва болоравии иқтисоди моро интихоб кунед, ки ба ҳама барои комёб шудан шонс фароҳам меоварад».

Дар ҳамин ҳол, номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн талош дорад шикастнопазирии худро намоиш диҳад ва нимашабӣ дар шаҳри Майамии Флорида ҳазорон ҷонибдоронашонро гирдиҳам овард. Дар ҳоле, ки тибқи назарпурсиҳои ахир, аз Барак Обама 8% бештари амрикоиҳо пуштибонӣ мекунанд, Маккейн ба пирӯзии худ дар интихобот заррае шакк надорад: «Мо дар инҷо пирӯз шуда, дар Вошингтон тағйироти воқеъӣ ворид карданием.

Мо ду рӯзи дигар дорем. Дарҳоро бикӯбед ва бо кумаки шумо мо метавонем пирӯз шавем. Ба мо самти нав лозим аст ва мо барои ин бояд мубориза барем».

Ин суханони Ҷон Маккейн ишора ба барномаи ҳизбии мавсум ба “72 соат” аст, ки дар он аз даҳҳо ҳазор ихтиёриён даъват кардааст, то ба шаҳру деҳот сафар карда, мардуми «дудила»-ро барои пуштибонӣ аз номзади ҷумҳурихоҳон мутмаъин созанд.

Ҳизби демократ низ ҳамин гуна гурӯҳи бузурги ихтиёриёнро таъсис кардааст. Барак Обама, зимни суханронӣ дар Колумбус ба муҳим будани ин иқдом ишора кард ва гуфт, ки имрӯзҳо лаҳзае набояд бекор нишаст ва, агар ҳар сония босамар истифода нашавад, шояд заҳматҳои то имрӯз кашидаашон ноком анҷом ёбанд.

3-вуми ноябр Ҷон Маккейн дар маҷмӯъ аз 7 иёлат дидан мекунад – аз Флоридаи воқеъ дар ҷанубу шарқ то Аризонаи воқеъ дар ғарби кишвар. Обама бошад дар 3 иёлат (Флорида, Каролинаи Шимолӣ ва Вирҷиния – дар аёлатҳое, ки чаҳор сол пеш пуштибонии мардум ба номзади ҷумҳурихоҳон Ҷорҷ Буш имкон дода буд, ки барои чаҳор соли дигар сарварии Амрикоро бар дӯш дошта бошад) бо мардум мулоқотҳо доир хоҳад кард.

Дар ИМА раисҷумҳур на бар асари раъйҳои интихобкунандагон, балки баъди соҳиб шудан ба раъйҳо дар Коллегияи интихобкунандагон баргузида мешавад. Коллегияи интихоботкунандагон аз 538 вакили 50 иёлат иборат аст. Теъдоди вакилони ҳар як иёлат ба шумораи вакилонаш дар Конгресси кишвар баробар аст. Бигирем, Калифорнияро, ки сернуфустарин иёлати ИМА маҳсуб мешавад. Ин иёлат ҳам дар Конгресс ва ҳам дар Коллегияи интихобкунандагон 55-вакилӣ дорад. Ва он довталаби курсии раисҷумҳур, ки дар Калифорния беш аз 51 дарсади раъйҳоро соҳиб мешавад, ҳамаи 55 раъйи вакилони интихоботии Калифорнияро ба даст меоварад.

Барои пирузӣ дар сабқати раёсатҷумҳурӣ номзад бояд ҳадди ақалл аз 270 раъйи вакилони Коллегияи интихоботкунандагон бархӯрдор бошад.
XS
SM
MD
LG