Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мюзикли "Обама" дар Кения ва шаҳри Обама дар Ҷопон


Дар Кения, зодгоҳи падари Барак Обама, аз зиндагии ин муддаии курсии раёсати ҷумҳурии Амрико як мюзикли ҷадид рӯи саҳна овардаанд. Нахустнамоиши мюзикли “Обама” дар театри миллии Кения дар пойтахти он кишвар, шаҳри Найробӣ, рӯзи якшанбе доир шуд ва қарор аст, намоиши ин мюзикл то рӯзи чоршанбе, яъне то фардои интихоботи Амрико, идома кунад. Бибии падарии Барак Обама то ҳол дар ин кишвари шарқи Африқо ба сар мебарад. Дар ҳамин ҳол, дар Ҷопон, аҳолии шаҳре, ки низ Обама ном дорад, аз ҳоло ба таҷлили пирӯзии эҳтимолии Барак Обама дар интихоботи президентии Амрико омодагӣ мебинанд. Бахши аъзам аз 32 000 ҷамъияти сокини Обама рӯзии худро аз ҳисоби моҳигирӣ пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG