Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аббос умедвори сулҳи зуд дар Ховари Миёна нест


Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос имрӯз гуфт, Исроил ва фаластиниҳо қодир нестанд, тавре ки Вошингтон мехоҳад, дар соли ҷорӣ ба имзои қарордоди сулҳ даст биёбанд. Маҳмуд Аббос, ки дар Бухарест дар шурӯъи сафари дурӯзааш ба Руминия сӯҳбат мекард, гуфт, маъмурияти ҳам Амрико ва ҳам Исроил дар ҳоли ҳозир машғули маъракаҳои интихоботианд. Амрико рӯзи 4 ноябр интихоботи президентӣ ва Исроил дар моҳи феврал интихоботи парлумон доир мекунанд. Вошингтон, ки соле қабл дар Аннаполис анҷумани сулҳи Ховари Миёнаро барпо кард, умедвор буд, ки исроилиҳову фаластиниҳо то поёни соли 2007, яъне ҳанӯз то поёни раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш ба қарордоди сулҳ даст хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG