Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони ёриҳои СММ ба беҷошудагон дар Конго


Як корвони ҳомили кӯмакҳои башарии СММ имрӯз таҳти пуштибонии нирӯҳои байналмилалӣ ба хотири кӯмак ба даҳҳо ҳазор нафари бар асари ҷанг беҷошуда вориди минтақаи таҳти назорати чирикиҳо дар шарқи кишвари африқоии Конго шуд. Ин корвон аз сангарҳое гузашт, ки артиши Конгоро аз чирикиҳои қавми тутсӣ ҷудо мекунад. Корвони кӯмакҳо тавассути вилояти ошӯбзадаи Киву роҳии шаҳри Рутшуруст, ки чирикиҳо ҳафтае пеш таҳти тасарруфи худ дароварданд. Раҳбарони Ғарб ва қораи Африқо талош доранд, дар ҳафтаи равон руъасои ҷумҳуриҳои Конго ва Руандаро ба хотири баҳси роҳҳалҳои ин низоъ, ки дар марзи миёни ин ду кишвар ҷараён дорад, пушти мизи музокирот бишинонанд.
XS
SM
MD
LG