Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди иқтисоди ИА соли 2009 низ кунд хоҳад шуд


Кумиссиюни Аврупо имрӯз гуфт, иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо соли 2009 низ зери таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ даст ба пешрафт нахоҳад ёфт ва танҳо дар соли 2010 каме рушд хоҳад кард. Кумиссари ИА дар умури иқтисод ва дороӣ Хоакин Алмуния имрӯз дар Брукселл гуфт: “Тибқи пешбинии мо, пасравӣ барои бархе кишварҳо, барои минтақаи евро ва барои ИА чолиши воқеъист. Ва ин чолиши ошкори пасравӣ як далели аслии талошҳои мо ҷиҳати иқдом кардан аст.” Бар асоси пешбинии ахири ин ниҳоди иҷроияи ИА, иқтисоди 27 кишвари узви созмон соли оянда ҳамагӣ 0,2 дарсад рушд карда, суръати рушд дар 15 кишвари узви минтақаи евро аз он ҳам камтар – 0,1 дарсадро ташкил хоҳад дод. Асароти бӯҳрони молӣ ба хусус барои 4 иқтисоди бузургтарини ИА маҳсус буда, иқтисоди Олмону Фаронса ва Итолиё ба рукуд ва иқтисоди Бритониё ҳатто ба пасрафт мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бино бар ин пешбинӣ, дар соли 2010 рушди иқтисод дар кулли ИА 1,1 ва дар минтақаи евро 0,9 дарсадро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG