Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ вориди Беларус шуд


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ, дар пайи боздидаш аз Русия, вориди Минск, пойтахти Беларус, шуд. Қаззофиро дар фурудгоҳ раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко пешвоз гирифт. Дар ҷараёни ин сафар имзои як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ миёни Беларус ва Либия дар назар аст. Бино ба хабарҳо, Қаззофӣ дар Маскав қарордодеро баррасӣ кардааст, ки тибқи он, Русия дар Либия реакторҳои ҳастаӣ сохта, масъулияти таъмини он реакторҳо бо маводи сӯхти ҳастаиро низ бар ӯҳда мегирад. Муаммар Қаззофӣ рӯзи сешанбе аз Украина низ дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG