Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ интизори посухи Вошингтон пас аз интихобот аст


Ҳукумати Ироқ интизори посухи Вошингтон ба тағйиру иловаҳо дар созишномаи идомаи ҳузури ҳарбии Амрико дар Ироқ аст. Аммо ҳамзамон намояндаи давлати Ироқ гуфтааст, беҳтар аст, ин посух пас аз интихоботи президентии Амрико дода шавад. Санади мазкур зери унвони Созишномаи амниятии Ироқу Амрико шароити ҳузури нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқро пас аз хатми мандати Созмони Милал дар охири моҳи декабр муайян мекунад.
XS
SM
MD
LG