Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Петреус ва Баучер ба Покистон


Раҳбари нави Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, генерал Дейвид Петреус барои гуфтушунид бо мақомоти мулкӣ ва ҳарбии Покистон ба Исломобод сафар кард. Намояндаи сафорати Амрико дар Покистон мегӯяд, Петреусро дар ин сафар ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Ричард Баучер ҳамроҳӣ мекунад. Ин сафар дар ҳоле ба амал меояд, ки муносибатҳои миёни Амрико ва Покистон бар асари зарбаҳои ахири фаромарзии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба ҳадафҳое дар Покистон бо мушкил рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG