Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз, 2 ноябр, имоми исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Оғохони 4 вориди шаҳри Хоруғ шуд.

Ӯро намояндгони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳазорон нафар сокинони шаҳр дар назди фурудгоҳ пешвоз гирифтанд. Дар байни пешвозгирандагон теъдоди зиёди шаҳрвандони кишварҳои дигарро дидан мумкин буд. Амин Кимҷӣ, як нафар шаҳрванди Конодо, гуфт, ки вай бо хонаводааш махсус ин рӯзро барои сафар ба Бадахшон баргузидааст, аммо дар ин ҷо теъдоди зиёди сайёҳонро аз Ҳиндустон, Амрико, Покистон ва Афғонистон дучор омадааст, ки мехоҳанд дар маросими мулоқоти Оғохони 4 бо ҷамоъати Бадахшони Тоҷикистон ширкат дошта бошанд.

Пирмуҳаммад, як нафар шаҳрванди Афғонистон, гуфт, ки вай аз Кобул нахуст ба Душанбе ва сипас ба Хоруғ омада, аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва рӯҳияи идонаи мардум дар Бадахшон хушҳол ҳаст. Ба гуфтаи Cайлигул Полвонова, зодаи маҳалли Ёгед, ки алҳол дар Душанбе ба сар мебарад, бинобар баргузор нашудани мулоқоти пешвои исмоилиҳо бо ҷамоъат дар маркази ҷумҳурӣ вай бо 25 нафар бонувони дигар барои ширкат дар чунин мулоқот ба Хоруғ омадаанд.

Қарор аст, киШоҳзода Карим Оғохон пагоҳ дар маросими гузоштани хишти нахустини ҷамоъатхона дар маркази вилоят ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғи марказии фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Хоруғ ширкат варзад.

Ба гуфтаи масъулини таҷдиди боғ, дар доираи амалигардонии лоиҳа барои нахустин бор дар таҷоруби Бадахшон бо истифода аз варақсангҳои суфтанамудаи кӯҳистон 4 ҳазору 800 метри роҳравҳои ин боғ сангфарш гардиданд. Зиёда аз 3 гектар боғ сабз шуда, дар он 1400 дарахтони буттагӣ ва ороишӣ шинонда шуданд. Ҳамчунин дар боғ 24 намуди гул, ки баъзеашон аз хориҷи кишвар ворид ва ба шароити маҳал мутобиқ шудаанд, бо теъдоди 24 ҳазор дона шукуфтаанд. Дар боғ ҳамчунин театри тобистона барои 450 ҷойи нишаст, чойхона, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон, ҷойҳои махсус барии дамгирӣ сохта шудаанд.

Дар ҷараёни сафар дар Бадахшон Оғохони 4 аз иншоотҳои дигаре, ки Ташкилоти Оғохон оид ба рушд маблағгузорӣ месозад, дидан намуда, бо раиси вилоят Қодири Қосим мулоқот мекунад. Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми ноябр ӯ дар ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнон бо ҷамоат мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо зиёда аз 100 ҳазор нафар мардум ширкат меварзад.

Сафари Оғохони 4 ба Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати ҷумҳурӣ анҷом мешавад. Дар ҷараёна сафар ӯро муовини аввали сарвазир Асадулло Ғуломов ҳамроҳӣ мекунад. Асадулло Гуломов аз рафти сохтмони литсеи президентӣ ва театр дидан намуда, бо роҳбарони идораву муассисаҳои мақомоти вилоятӣ ҷаласа доир мекунад.

Пас аз поёнии сафари шашрӯза дар Тоҷикистон Оғохони 4 ба ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекунад. Қаблан вай дар Остона бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар мавриди густариши ҳамкориҳо байни ҳукуматҳои ин кишвар ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мулоқот анҷом дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG