Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама ноумед шудааст


Раҳбари рӯҳонӣ Далай Лама гуфт, ки ба бовари вай музокирот бо ҳукумати Чин барои бахшиши мухторияти бештар ба Тибет эҳтимолан бидуни натиҷа анҷомад. Раҳбари табъидии Тибет, ки аз Токио сӯҳбат мекард, гуфт, ки шароити зисту зиндагӣ дар ватани тибетиҳо барои мардуми бумӣ боз ҳам сахттар мешавад ва вай мутмаин нест, ки ин музокирот натиҷае ба бор орад. Далай Лама тарафдори ба истилоҳ роҳҳалли миёнае барои мардуми истиқлолталаби Тибет аст, ки мегӯяд, ба хотири ҳифзи суннатҳои фарҳангиву мазҳабӣ ва истифодаи забони миллиашон ба тибетиҳо мухторияти бештар дода шавад. Аммо ҳафтае пеш вай гуфт, ки дигар аз Чин ноумед шудааст.
XS
SM
MD
LG