Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фаъолияти идораи амрикоӣ дар Боливия


Раиси ҷумҳурии Боливия Эво Моралес фаъолияти идораи муқобила бо маводи мухаддири ИМАро дар қаламрави кишвараш боздошт ва гуфт, ки ин созмон дар нобасомониҳои сиёсии Боливия даст дорад. Дар паи даргириҳое, ки аз нӯҳ минтақаи ин кишвар дар панҷтоаш ба вуқӯъ пайваст, 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Моралес гуфт, ки ҷосусҳои идораи муқобила бо маводи мухаддири Амрико ба онҳое, ки даст ба як кудатои номуваффақе дар Боливия задаанд, кӯмак кардааст. Сафорати Амрико дар Боливия иттиҳомоти Моралесро дар бораи ин ки гӯё идораи мубориза бо маводи мухаддири Амрико ва Оҷонсии ин кишвар оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар қаламрави ин давлат фаъолиятҳои сиёсӣ бурдаанд, рад кардааст.
XS
SM
MD
LG