Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Покистон 7,8 миллион доллар кӯмак лозим аст


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх имрӯз гуфт, ки барои ироаи кӯмаки изтирорӣ ба зарардидаҳои зилзилаи офатбори ҷанубуғарби Покистон 7,8 миллион доллар зарур аст. Ин созмони имдодрасон гуфт, ки дар навбати аввал мардум ба сарпаноҳ ниёз доранд. Рӯзи 29 октябр зилзилае ба шиддати 6,4 дараҷаи Риҳтер минтақаи наздик бо Афғонистонро такон дод ва ҳазорҳо нафарро бехонаву дар кард. Шумори расмии қурбониҳои ин офати табиӣ 215 нафар гуфта мешавад, ҳарчанд хатари афзоиш ёфтани ин шумор вуҷуд дорад. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки ҳанӯз ҳам дунболи деҳоти харобшуда мегарданд, то ки барои мардуми он маҳалҳо кӯмаке расонанд. Рӯзи ҷумъа ИМА гуфт, ки дар марҳилаи ибтидоӣ барои кӯмак ба мардуми офатзадаи Покистон ба миқдори як миллион доллар кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG