Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари вазири молияи Афғонистон рабуда шуд


Тибқи гузоришҳо, бародари вазири молияи Афғонистон Анвар-ул-Ҳақ Аҳадӣ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳе дар Покистон рабуда шудааст. Ҳазизи Шамс, сухангӯи вазорати молия гуфт, ки бародари соҳибкори вазир - Зиё-ул-Ҳақ Аҳадӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри покистонии Пешавар рабуда шудааст. Оқои Шамс афзуд, ки мушаххас нест чӣ гурӯҳе ва бо чӣ тақозое бародари вазири молияро рабудааст. Хабаргузориҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Зиё-ул-Ҳақ бо кори тиҷорату савдо машғул буда ба Пешавар барои аёдати модари маризаш рафта буд ва дар ҳамон ҷо рабуда шуд. Дар оғози соли ҷорӣ гурӯҳи мусаллаҳи Толибон сафири Покистон дар Афғонистонро дар шоҳроҳи пайвасткунандаи Пешавар бо марзи Афғонистону Покистон рабуданд. Вай танҳо баъди се моҳ раҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG