Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти марзи Ироқ бо Сурия


Як ҳафта баъди ҳодисаи баҳсбарангези анҷоми рейди ҳавоии нирӯҳои амрикоӣ дар хоки Сурия, Ироқ нирӯҳои бештари полисро дар хати марзаш бо ин кишвар мустақар кард. Сухангӯи вазорати дохила генерал-майор Абдулкарим Халаф гуфт, ки нирӯҳои изофагӣ ба манотиқи амн сафарбар шуданд, то ки аз вуруди ҷангиёни хориҷӣ ба хоки Ироқ ҷилавгирӣ шавад. Вуруди нирӯҳои ҳавоии Амрико ба ҳарими ҳавоии Сурия боиси болоравии мавҷи нави танишҳои дипломатӣ миёни Димишқу Вашингтон шуд. Низомиёни амрикоӣ Сурияро дар чашмпӯшӣ ба убуру мурури ҷангандаҳои хориҷӣ аз қаламрави ин кишвар ба хоки Ироқи ҳамсоя муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG