Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То интихоботи Амрико 2 рӯз боқӣ мемонад


Рақобатҳои интихоботӣ дар Амрико ба марра наздик мешавад ва ду рӯз пеш аз баргузории раъйдиҳӣ пурсишҳои афкори умум нишон медиҳад, ки номзади демократҳо Барак Обама аз маҳбубияти бештари мардумаш бархурдор аст. Ҳарчанд шоми шанбе пурсиши муштараки се оҷонс - Reuters/CSPAN/Zogby намоиш дод, ки номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн тафовути 5-дарсадаи миёни уву Обамаро аз байн бурдааст. Рӯзи ҷумъа пурсиш дар бораи бартарии 7-фоизаи маҳбубияти Обама бар Маккейн дар ҷомеаи Амрико гузориш медод. Ҳарду номзад имрӯз қарор аст таблиғи барномаҳои худро дар иёлоти ба ном размгоҳ идома диҳанд, ки дар он аҳолии қобили раъй ҳанӯз барои худ мушаххас накардаанд, ки барои кадоме аз номзадҳо овоз хоҳанд дод. Обама бояд роҳии Невада, Колорадо ва Миссурӣ шавад. Маккейн дар Вирҷиния ва Пенсилвания мулоқотҳо доир мекунад.

XS
SM
MD
LG