Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Чин бо ҳисоби бузурги 0:6


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ аз тими Чин бо ҳисоби бузурги 0: 6 шикаст хӯрд.

Бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Чин шоми 1-уми ноябр дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад Бин Фаҳади шаҳри Даммами Арабистон баргузор шуд.

Футболбозони ҷавони Чин аз оғози бозӣ ташаббусро ба даст гирифта, ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон пайваста ҳуҷум мекарданд. Ҳисоб дар дақиқаи 19-ум боз шуд. Ғайричашмдошт ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Восиев тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид кард. Баъди 2 дақиқа Жу Ляо голи дуввумро ба самар расонд. Пас аз 7 дақиқа Жан Юан дарвозабони дастаи Тоҷикистон Миралӣ Муродовро маҷбур сохт, ки тӯбро боз аз тӯри дарвоза бигирад. Дар дақиқаи 33-юм Жу Ляо бори дигар муваффақ гашт.

Баъди голи чаҳорум ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Комил Саидов, ки муқобили Тсю Тян бо хушунат бозӣ кард, аз бозӣ хориҷ шуд. Бинобар ин дастаи Тоҷикистон то анҷоми дидор аз 10 нафар иборат буд. Дар нимаи аввали бозӣ футболбозони Чин боз ду голи дигар ба ҳадаф расонданд (Сао Юндин, дақиқаи 41-ум ва Пяо Чен, 45-ум).

Дар нимаи дуввуми бозӣ ҳисоб тағйир наёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» дастаи Куриёи Шимолӣ, қаҳрамони Осиё дар соли 2006, бар тими Лубнон бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.

Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ Чин ва Куриёи Шимолӣ 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Чин ҷои аввал ва Куриёи Шимолӣ ҷои дуввумро касб кардаанд. Лубнон ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севвум ва чаҳорум қарор доранд.

Дар даври дуввуми сабқати гурӯҳӣ 3-юми ноябр Лубнон бо Чин ва Тоҷикистон бо Куриёи Шимолӣ бозӣ хоҳанд кард.

Натоиҷи бозиҳои гурӯҳҳои дигар чунин аст: гурӯҳи «А» - Ҷопон – Яман – 5:0, Арабистони Саъудӣ - Эрон – 2:1, гурӯҳи «В» - Куриёи Ҷанубӣ - Сурия – 1:0, Ироқ – Аморати Муттаҳидаи Араб – 1:2, гурӯҳи «D» - Урдун – Узбакистон – 0:1, Австралия – Тайланд – 1:0.

Пас аз бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ, дар гурӯҳи «В» Куриёи Ҷанубӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва дар гурӯҳи «D» Австралия ва Узбакистон бо 3-имтиёзӣ пешқадам мебошанд.

XS
SM
MD
LG