Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полисҳои қотил равонаи зиндон мешаванд


Додситонии Русия се афсари полисро барои оташзанӣ ва қатли марде гунаҳгор донистааст. Гуноҳи полис ин будааст, ки ба як марди бегуноҳ ҷурми дуздии тиллоро бор карда барои таҳдиду фишор аз оташ истифода кардаанд, ки бо фоҷеа анҷомидааст. Додситонӣ гуфтааст, ки ходимони полис Армен Гаспарянро дар наздикии хонааш дар шаҳри Волгоград боздошт карда ба идораи полис бурдаанд ва дар он ҷо вайро лату кӯб карда аз сараш бензин рехта оташ задаанд. Ин ҳодиса баъди он ошкор шуд, ки афсарони маст кӯшиш кардаанд қурбонии худро дар як минтақаи канори шаҳр беному нишон ба хок супоранд ва дар ин кор аз хидмати такси истифода кардаанд. Баъди раҳо шудан аз дасти милиса ронанда дар ин бора ба додситонӣ шикоят кардааст.
XS
SM
MD
LG