Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Базми эҷодии Толиб Шаҳидӣ дар Маскав


Оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ ҳини базм
Оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ ҳини базм

Базми эҷодии оҳангсози шинохтаи тоҷик Толиб Шаҳидӣ шоми 31 октябр дар толори консерваторияи давлатии ба номи Чайковскии шаҳри Маскав бо иҷтимоъи бошукӯҳи тоҷикон ва алоқамандони фарҳанги тоҷик баргузор гардид.

Таронаи мардумии тоҷикиро, ки Тодиб Шаҳидӣ бо номи «Чаҳор манзар» ба ёди падараш Зиёдулло Шаҳидӣ оҳанг бастааст, дастаи ҳунарии Донишгоҳи омӯзгории Маскав тақдим кард ва аз сӯи тамошобинон гарм истиқбол шуд.

Як тан аз мухлисони эҷодиёти Толиб Шаҳидӣ - меъмори тоҷики муқими Маскав Фаршед Зеҳнӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин иброз дошт: «Базме, ки имшаб дар ин толор баргузор гардид, барои ман мояи сарбаландии миллист».

Дар толори пуршукуҳи таърихи консервартория Маскав нӯҳ оҳанги Толиб Шаҳидӣ навохта шуд. Оҳангҳои хаёлангезӣ «Суфӣ ва Буддо», «Масали рами мастур»-и Ҷалолиддини Балхӣ», «Забони мурғон» шунаванадагонро тасхир карданд, ба вижа оҳанги «Масали рамзи мастур», ки онро дар ҳамоҳангии най ва фортепиано барандагони ҷоизаи озмунҳои байнулмиллалӣ Игор Федоров ва Екатерина Мечетина тақдим карданд.

Профессори Консерваторияи ба номи Чайковский, оҳангсози маъруфи рус Роман Лединёв дар тавсифи эҷодиёти Толиб Шаҳидӣ мегуяд, «ҳар консерти Толиб барои ман ид аст. Ҷило ва дурахши миллӣ аз сифатҳои вижаи эҷодиёти оҳангсози пурҳунар Толиб Шаҳидист».


Генадий Авдиёв, яке аз дигар тамошобинон, ки худро профессори улуми низоми муаррифӣ кард, ба саволе, ки вақти шумо дар ин базм чи тавр гузашт, бо ризоят чанд ҳарфе бо забони русӣ иброз дошт ва нохост ба форсӣ гузашт. Вай гуфт, «ҳам оҳанг хуб буд ва ҳам овозхонӣ. Мо русҳо ҳам дар баробари тоҷикон аз ин барномаи хеле олӣ лаззат бурдем».

Толиб Шаҳидӣ таҳсилкардаи консерваторияи ба номи Чайковскии Маскав аст ва эҷодиёти тозаи худро тақрибан ҳар сол ба устодону ҳамкасбони худ муаррифӣ мекунад. Ҳамзамон теъдоди ҳаводорони эҷодиёти Толиб Шаҳидӣ солҳои ахир аз ҳисоби зиёиёни тоҷики муқими Маскав ва мардуми бумие, ки ба фарҳанги тоҷик ишқу алоқа доранд, меафзояд.

Толори лабрези мухлис дар шоми рӯзи ҷумъа дар толори Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскийро метавон нишонаи эътирофи ҳунари оҳангсози тоҷик Толиб Шаҳидӣ дар Маскав арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG