Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Украина, Гурҷистон, ҷумҳуриҳои Балтик


Раҳбарони Украина, Гурҷистон ва ҷумҳуриҳои Балтик имрӯз барои баррасии равобиташон бо Русия имрӯз дар Рига ташкили ҷаласа мекунанд. Музокираҳои мазкур дар конфронси паймони низомии НАТО дар пойтахти Латвия сурат мегирад. Баъди даргириҳои мусаллаҳонаи моҳи август бо Русия дар хоки Осетияи Ҷанубӣ, барои нахустин бор раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз ин кишвари Балтик дидан мекунад. Дар рӯзҳои он даргириҳо вай аз пуштибонии ҷумҳуриҳои назди Балтика, кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Украина бархурдор шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG