Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Ироқ барои соли 2009 коҳиш дода шуд


Вазири молияи Ироқ Боқир Ҷабр Солағ гуфт, ки пастравии қимати нафт дар сартосари ҷаҳон боиси он шудааст, ки ҳукумати ин кишвар нишондодҳои буҷаро 16,25 % поин бурда дар ҳудуди 67 миллиард доллар муқаррар намояд. Тобистони имсол ҳукумати Ироқ бо назардошти боло будани қимати нафт буҷаи давлатиро дар ҳудудан 80 миллиард доллар таъин карда буд. Моҳи июли имсол муддате қимати нафт бештар аз 147 долларро ташкил медод. Ироқ рӯзона 2,5 миллион бушка нафт тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG