Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

20 қурбониии ҳамлаҳои мушакии Амрико дар Покистон


Мақомоти амниятии Покистон гуфтанд, ки дар паи ҳамлаҳои ҳавоии ҳавопаймои амрикоии бидуни халабон дар марз бо Афғонистон ҳудудан 20 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳодиса рӯзи ҷумъа дар шаҳраки Миралии Вазиристони Шимолӣ рӯй дод, вақте ду мушак ба минтақаи қабиланишин партоб шуд. Дар натиҷаи ин ҳамла инчунин як манзил ва мошине хароб шудааст. Амалиёти мазкур ба эҳтимоли ғолиб зидди як раҳбари маҳаллии Ал-Қоида бо исми Абу Акаш равона шуда буд ва гуфта мешавад, ки ҷасади вай дар миёни қурбониҳо шинохта шудааст. Чанд соат пеш аз ин ҳамла рӯзи ҷумъа дар натиҷаи як таркиши интиҳории маргталабе дар шимолу шарқи Покистон шаҳри Пешавар 7 ходими полис кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG