Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти ду нафар аз Гуантанамо


Вазорати дифои ИМА бо пахши иттилоияе дар саҳифаи интернетии худ навиштааст, ки ахиран ба Тоҷикистон ва Қазоқистон ду нафарро, ки дар боздоштгоҳи ҷазираи Гуантанамо нигаҳдорӣ мешуданд, интиқол додааст. Вазорат мегӯяд, ки ин афрод баъди таҳқиқоти чандинбораи парвандаҳои ин ду нафар барои интиқолёбӣ ба кишварҳояшон муносиб дониста шуданд. Вазорати дифои Амрико мегӯяд, иқдоми мазкур маънои онро дорад, ки ИМА хостори ин нест, ки "боздоштшудаҳо бештар аз мӯҳлате, ки лозим аст", нигаҳдорӣ шаванд. Бино ба иттилои мақомоти амрикоӣ ва тоҷикистонӣ, то оғози соли 2007 10 шаҳрванди Тоҷикистон аз маҳбаси Гуантанамо ба ватан интиқол дода шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG