Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзомуддин Ҳалимов, сокини 36-солаи деҳаи Сари Шухони Ғарм, дар ҷанги тан ба тан бо хирс ғолиб омадааст.

Мирзомуддин Ҳалимов ба хабарнигори радиои Озодӣ дар водии Рашт нақл кардааст, ки вай дар боғи назди деҳаи Сари Шухон ба ҷамъоварии ҳезум машғул будааст ва ногаҳон як хирси бузургҷуса пайдо шуда, ба вай ҳамла кардааст. Хирс аз пойи ӯ доштааст ва Мирзомуддин, ки дар даст дастпуш доштааст, бо тамоми неру даҳони хирсро боз ва пояшро раҳо кардааст. Ва ҳини задухурд бо хирс ӯ дасташро ба гулуи хирс андохтааст, то роҳи нафаси хирсро бубандад.

Гирудори Мирзомуддин бо хирс беш аз 40 дақиқа идома кардааст ва дар охир хирс беҳол шуда, аз пой афтодааст. Ва сипас аз бими дубора бархестани хирси бадқаҳр Мирзомуддин уро бо каланди боғбонӣ зада куштааст.

Мирзомуддин Ҳалимов мегӯяд, ҷони ӯро пандҳои бобояш аз марг раҳо кардааст. Ӯ дар хурдӣ борҳо аз бобояш ва дигар мӯйсафедони деҳ шунидааст, ки дар сурати ҳуҷуми хирс ба одам ягона роҳи наҷот - ба ҳалқи хирс андохтани даст ва бастани роҳи нафаси вай мебошад.

Сокинони деҳ мегӯянд, онҳо ин хирсро борҳо дар боғи назди деҳа дидаанд ва мавридҳои ҳамлаи хирс ва даррандаҳои дигар ба ҳайвоноти хонагии сокинон дар ин маҳал мушоҳида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG