Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонсҳои Маккейн ва Обама баробар мешавад


Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ, тибқи назарсанҷиҳо, аз лиҳози шумораи ҷонибдорон ба Борак Обамаи демократ наздик мешавад.

Вай дар мулоқоте бо интихобкунандагони хушҳолаш изҳор дошт, ки ҳеҷ гоҳ дар гузашта дилсард нашудааст ва ҳоло низ умедашро аз даст налдодааст. Маккейн халабони ҳавопаймоии ҷангӣ буд ва дар ҷанги амрико бо Ветнам ширкат кардааст. Вай панҷ солро ба унвони асири ҷангӣ дар зиндоне дар наздикии Ҳанойи Ветнам сипарӣ кардааст ва дар зиндон гоҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Бисёре аз муфассирони сиёсӣ бар ин ақидаанд, ки мусобиқоти интихоботӣ усулан ба поён расидааст. Маккейн ин ақидаро эътироф кард, вале гуфт, ки дар ин ақидаҳо "нуктаи ногузире" мушоҳида намекунад. Маккейн аз амрикоиҳо хост, то онҳо бифаҳманд, ки Обама хуб суҳбат мекунад, вале аз ҳизбе намояндагӣ мекунад, ки он мехоҳад мизони молиёт ё андозро аз сармоягузорӣ боло барад. Дар чунин сурат роҳи нафас ба иқтъисоди гирифтори буҳрони Амрико баста мешавад:

"Обама мегуяд, бо вуҷуди он ки молиёти кам аз сармоягузорӣ ба иқтисоди мо кумак мекунад, вале вай мехоҳад, молиёт аз сармоягузориро ба баҳонаи "адолат" боло барад. Дар чунин ҳолат чизе одилона буда наметавонад, ки иқтисоди моро ба замин бизанад. Агар чунин шавад, ҳамаи мо зарар мебинем. Ва ин аст мушкили бархурди сенатор Обама ба иқтисоди мо. Вай бештар алоқаманди назорат бар дороӣ ва ба вуҷуд овардани он аст".

Борак Обама, номзади демократҳо, дар навбати худ ба чунин интиқод посух дод ва гуфт, Маккейн бештари вақти худро барои таънаи мухолифони худ сарф мекунад, дар ҳоле, ки амрикоиҳо аз ҳифзи ҷои кори худ ва манзилҳои худ бим доранд. Онҳо мехоҳанд бидонанд, ки раиси ҷумҳури оянда чӣ тарз ин душвориҳои иқтисодиро бартараф мекунад. Обама чунин мегуяд:

"Маккейн ҳафтаҳои ахирро бо суҳбатҳо дар бораи ман сипарӣ кард ва аз ман ба ҳар тарз ном бурд. Ва ин қоъидаи бозӣ дар Вошингтон аст. Агар шумо барои ситоиш дастоварде надошта бошед, бояд рақиби худро ба ранге тасвир кунед, ки мардум аз он тарс доранд. Шумо дар бораи чизҳои хурд интихоби бузург мекунед. Оре Флорида, Мо ин ҷо омадаем, то бигуем, имсол ва ин интихобот барои чунин кор нест".

Ҳардуи номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико ҳоло мулоқотҳои ахири худро дар майдонҳои бозу васеъ, мисли варзишгоҳҳо, баргузор мекунанд ва ҷонибдорони зиёди худро дар он гирдиҳам меоранд. Натиҷаҳои чунин мулоқотҳо ва муборизаҳо рузи 4-уми ноябр маълум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG