Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари нави Ситоди марказии артиши Амрико


Генерал Дэвид Петреус

Генерал Дэвид Петреус

Генерал Дэвид Петреус, собиқ фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ шурӯъ аз имрӯз раҳбарии Ситоди марказии фармондеҳии Амрикоро бар дӯш хоҳад дошт.

Ситоди марказӣ масъули тарҳрезӣ ва татбиқи амалиёти низомӣ дар кишварҳои Ховари Наздик ва Миёна, ба шумули Ироқ, Афғонистон, Покистон ва Эрон аст.

Маросими ба ифои вазифаи нав шурӯъ кардани генерал Петреус ду моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки дар ҳузури вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар Бағдод раҳбарии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ аз генерал Петреус ба Реймонд Одиерно гузашт. Гуфта мешавад, ки дар маснади нав Дэвид Петреус дар марҳалаи аввал бештар рӯи авзоъ дар Ироқ ва Афғонистон тамаркуз хоҳад кард.

Коҳиши теъдоди афсарону сарбозони амрикоӣ дар Ироқ ва имкони таҳвили онҳо ба Афғонистон - аз вазифаҳои калидии Ситоди марказӣ хоҳад буд. Дэвид Петреус қаблан изҳор карда буд, ки шитоб дар ин мавзӯъро намепазирад. Ӯ ҳамчунин дар бознигарии стротегияи Амрико дар Афғонистон нақш дорад ва гуфта мешавад, ки акнун дар ин стротегия ҷалби кишварҳои ҳамсоя дар хатми хушунат дар Афғонистон ва густариши мубориза бо толибон авлавият дорад.

Дар як сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ Эрик Эделман, муовини вазири дифоъи ИМА низ изҳор намуд, ки вазифаи калидии раҳбари нави Стоди марказии фармондеҳӣ – тарҳрезии тактикаи низомӣ алайҳи ошубгарон ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Афғонистону Покистон хоҳад буд.

Генерал Петреус, ки акнун фармондеҳии Ситоди Марказиро бар ӯҳда мегирад, ба тарҳрезии стротегӣ барои ҳама минтақа машғул хоҳад буд, ки ба вижа, вазъ дар Покистон ва Афғонистонро дарбар мегирад. Ва ман умедворам, ки баъд аз қабули фармондеҳӣ ӯ дар он ҷо муваффақ хоҳад шуд.

Эделман афзуд, аз нигоҳи ӯ, Петреус хуб дарк мекунад, ки “дар мубориза бо ошубгарон дар Афғонистон на фақат амалиёти низомӣ самар хоҳад дод”. Таҳкими ҳамкорӣ бо ҳукумати марказии Кобул ва мақомоти маҳалливу раҳбарони қабоил ба коҳиши хушунат мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, бархе дар ИМА генерал Дэвид Петреусро барои нақшаш дар таъмини суботи Ироқ қаҳрамон мехонанд. Худи Петреус моҳи гузашта зимни суханронӣ дар Конгресс гуфта буд, ки беҳбуди вазъи амниятӣ дар Ироқ на танҳо бар асари афзоиши теъдоди афсарону сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар ба даст омадааст. Суботу оромии нисбӣ, ба гуфтаи ӯ, баъди он таъмин шуд, ки қабилаҳои суннимазҳаб ҳамроҳ бо нерӯҳои ҳукуматии Ироқ алайҳи мусаллаҳони Ал-Қоида бархостанд.

Дар ҳамин ҳол Эрик Эделман, муовини вазири дифоъи Амрико мегӯяд, низомиёни амрикоӣ ба хотири ҷалби сарони қабилаҳои маҳаллӣ бояд урфу одат ва маросимҳои маҳаллии Афғонистонро хубтар дарк кунанд. Ӯ меафзояд, дар Афғонистон аз таҷрибаи ҷалби сарони қабилаҳои суннимазҳаби ироқӣ метавон истифода кард .

Аз нигоҳи Эделман, ҷалби сарони қабоили афғон ва дарёфти созиш бо онҳо барои мубориза бо гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат басо муҳим аст. Ӯ мутмаин аст, ки генерал Петреус тафовут миёни ҷанг дар Афғонистон ва ошуб дар Ироқро хуб дарк мекунад ва медонад, ки онҳо вижагиҳои худро доранд.

Дар ҳамин ҳол мухолифони ба маснади раҳбари Ситоди марказӣ таъин шудани Дэвид Петреус мегӯянд, ки аз минтақаи амалиёти низомӣ берун кашидани ӯ бар суди кор нест.

XS
SM
MD
LG