Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз интихоботи қарибулвуқӯъи раёсатиҷумҳурӣ дар Амрико интизороти яксон надоранд.

Бештари онҳо бар онанд, ки дар ҳоли дар сари қудрат мондани ҷумҳурихоҳон ва ё ба ҷойи онҳо ба қудрат расидани демократҳо сиёсатҳои куллии ин кишварро дар Тоҷикистон ва минтақа тағйир нахоҳад дод. Ҷӯрахон Саидов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки дар ҳарду ҳолат ҳам равобити Тоҷикистону Амрико боз рушд хоҳад кард.

Абдуҳалим Ғаффоров, райиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, мегӯяд, ба он суханони Нострадамус бовар дорад, ки гуфтааст, раисҷумҳури 44-умини Амрико бадбахттарин хоҳад буд, зеро ӯро мушкили зиёд дар пеш аст. Вай афзуд, бо ин вуҷуд оянда аз ин интихобот, ки эҳтимол дорад, ба пирӯзии аввалин амрикоии африқоиасл анҷом ёбад, дар Тоҷикистон низ сабақ омӯзанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилию иттилоотии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қабл аз ҳама беҳбуди имиҷи Амрикоро, ки тайи солҳои ахир дар олами ислом хеле коста шудааст, интизор аст. Вай гуфт, раҳбари нави Амрико бояд таҷдиди назар рӯйи сиёсатҳои кишвараш ва боло рафтани имиҷаш дар олами ислом кунад.

Шодӣ Шабдолов, райиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, рӯйи кор мондани ҷумҳурихоҳон ва ба сари қудрат омадани демократҳо дар ҳоли ҳозир барои дигарбора боло рафтани қудрату имиҷи Амрико мусоидат нахоҳад кард. Вай афзуд, бӯҳрони молиявии ҷаҳон собит сохт, ки империализм тибқи пешбинии доҳиёни марксизм ва ленинизм суқут мекунад. Райиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, Амрикои 20 соли ахирро ҳеҷ ягон раисҷумҳур чӣ демократ ва чӣ ҷумҳурихоҳ барқарор карда наметавонад.

Раҷаби Мирзо, райиси созмони Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, бовар дорад демократияе, ки дар замони ҷумҳурихоҳон таҷовузгар ва масхараомез унвон шуд, дар замони раҳбарии демократҳо чеҳраи аслии хешро барқарор хоҳад кард. Вай афзуд, ҳамчунин умед дорад, ки қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, райиси зиндонии ҳизбаш дар замони демократҳо мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии Амрико қарор хоҳад гирифт.

Амнияти Абдулназар, муовини аввали райиси Ҳизби сотсиал – демократ, мегӯяд, интихоботи Амрико ба вазъи Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард. Вай гуфт, интихоботҳо ё тағйири раҳбари аввал дар Русияву Узбакистон бештар муассиртар буда метавонанд. Вай афзуд, Амрико бештар метавонад ба вазъи Тоҷикистон тавассути институтҳои ҷаҳонии молиявӣ таъсир расонад. Вай аз аудити Бонки Миллии Тоҷикистон, ширкатҳои Барқи тоҷик ва Талко ёдовар шуд, ки пешниҳодаш аз сӯйи Сандуқи байнулмилалии пул бидуни ширкати Амрико сурат нагирифтаанд. Вай гуфт, ин иқдом ба манфиати мардуми Тоҷикистон буд.

Ба ҳамин минвол, коршиносон ояндаи равобити Тоҷикистону Амрикоро ба таври худ мебинанд. Як нуктаи дигари муҳим дар андешарониҳои онҳо ҳам зикр мешавад, ки ҳузури Амрико дар Осиёи Марказӣ ва нерӯҳои низомии ин кишвар дар Афғонистон мувозинати қудратҳо ва бақои арзишҳои демократиро дар минтақа замонат медиҳанд. Онҳо мегӯянд, тақвияти ин ҳузур дар даврони баъд аз ҳукмронии Буш ба нафъи кишварҳо ва демократияҳои навпои Осиёи Марказӣ ва қабл аз ҳама Тоҷикистон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG