Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон барои Узбакистон интиқод шунид


Ҳюман Райтс Вотч ё Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳукумати Олмон интиқод кардааст, ки барои боздид аз Олмон ба Рустам Иоятов-раиси Амнияти Узбакистон иҷоза додааст. Рэчел Денбер-намояндаи расмии Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Рустам Иноятов дар руйдодҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 даст доштааст. Дар ин руйдод шумораи зиёди одамон кушта шуданд. Иноятов ҳамроҳ бо 11 мақоми аршади Узбакистон то 13-уми октябри соли ҷорӣ аз ҳақи вуруд ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо маҳрум буд. Аммо ҳукумати Олмон боздиди Иноятовро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG