Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бамгузори интиҳорӣ 8 касро дар Марҷон кушт


Рузи ҷумъа як бамгузори интиҳорӣ худро дар наздикии корвони пулис дар шимоли ғарби Покистон дар шаҳраки Марҷон мунфаҷир сохт, ки дар натиҷа 8 нафар кушта, 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Як мақоми маҳаллӣ гуфтааст, дар ин инфиҷор 5 сокини маҳаллӣ низ кушта шудаанд. Шаҳраки Марҷон дар сари роҳ ба суи минтақаи Боҷавр дар марз бо Афғонистон воқеъ аст ва ахиран нируҳои Покистон бар зидди тундравҳои исломӣ дар ин минтақа амалиёт анҷом дода буданд.

XS
SM
MD
LG