Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ сармоягузорони шуришиён боздошт шуданд


Як низомии Амрико рузи ҷумъа гуфт, онҳо 39 шаҳрванди Иронро боздошт кардаанд, ки дар Ироқ машғули сармоягузоирии фаъолияти аносири ҷиноӣ будаанд. Аз онҳо ҳамчунин 500 ҳазор доллар ба даст омадааст. Ин пулҳо ба шуришиён ихтисос доштааст. Ба гуфтаи низомии Амрико, ин афрод моҳи гузашта боздошт шудаанд. Яке аз боздоштшудагон узви калидии шабакаи Асаъиб Аҳл ал Ҳақ будааст, ки аз суи Ирон сармоягузорӣ мешавад. Вай рузи ҷумъа дар Бағдод боздошт шудааст. Ал Ҳақ масъули сармоягузории шуришиёни зидди нируҳои Ироқ ва Амрикост.
XS
SM
MD
LG