Пайвандҳои дастрасӣ

Матолиби тозаи расонаҳои Хуҷанд


Ёдоварӣ аз ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев, омодагиҳо ба зимистон ва эътирози донишҷӯ аз пахтачинии иҷборӣ матолиби умдаи нашрияҳои Суғдро дар ин ҳафта ташкил додааст.

Ҳафтавори «Вароруд» бо гузашти 10 сол аз ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев – полковники ошӯбгар аз хоки Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон саволеро матраҳ кардааст, ки ин ҳуҷуми мусаллаҳона чӣ паёмаде ба бор овард? Ба навиштаи нашрия, аз тири силоҳи сарбозони Маҳмуд 227 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла наздики 50 нафар афроди осоишта кушта, ҳудуди 500 нафари дигар захмӣ шудаанд. «Вароруд» меафзояд, вале бадтарин зиёне, ки ин ҳамлаи мусаллаҳона дар тирамоҳи соли 1998 ба ҷой гузошт, тезутунд шудани муносибатҳои кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбакистон мебошад, ки бо гузашти даҳ сол ҳам ҳанӯз умеди беҳбудаш нест.

Нашрияи «Суғд» бо оғози фасли боришот ва сармо дар шумораи нави худ натиҷаи як назарсанҷиашро, ки миёни беш аз 200 нафар дар мавриди омодагии сокинон ба зимистон доир кардааст, ҷой додааст. Нашрия менависад, ки 66 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, зимистони имсоларо низ чун ҳарвақта дар сардиву торикӣ истиқбол мегиранд. Даҳ дар сад гуфтаанд, ки ин зимистонро бо захираи ҳезум ва ангишт истиқбол мегиранд ва он барояшон аз зимистони соли гузашта беҳтар хоҳад буд. Вале ҳафт дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ният доранд ин зимистонро на дар Тоҷикистон , балки дар кишвари дигар поён баранд .

Дар ин бора нашрияи «Ҳақиқати Суғд» (нашри русӣ) дар шумораи тозаи худ менависад, ки дар муассисаҳои тиббии Суғд ангишту ҳезум барои зимистон захира карда шудааст.

Ҳамин нашрия дар идомаи ин мавзӯъ дар матлабе дигар менависад , имсол назар ба соли гузашта воридоти генераторҳои тавлиди барқ ба минтақаи шимолии Тоҷикистон даҳ маротиба афзудааст. Султон Эрбоев – муовини сардори идораи гумруки вилояти Суғд гуфтааст, ки танҳо дар нӯҳ моҳи аввали соли равон тоҷирони минтақа беш аз 5 ҳазор адад генераторҳои барқзо ворид кардаанд. Зимнан, ба навиштаи «Ҳақиқати Суғд», дар Тоҷикистон воридоти ин гуна ашё аз андози гумрукӣ озод карда шудааст .

Дар ҳамин ҳол, як донишҷӯи соли чоруми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо нашри як матлаб дар нашрияи «Вароруд» таҳти унвони «Ман ба пахтачинӣ намеравам», бо се аломати хитоб дар охир навиштааст, дар замоне ки донишҷӯёни дигар кишварҳо ба умеди кашфи кайҳон паси мизҳои дарсхонаҳо менишинанду вале донишҷӯи тоҷик дар замини пахта қарор дорад ва дар ҳоле ки донишҷӯёни дигар кишварҳо пас аз хатми мактаби олӣ соҳиби кору маоши хуб мегарданду донишҷӯи тоҷик ҷои кор наёфта , ночор ба муҳоҷирати корӣ меравад, вай дигар ба пахтачинӣ нахоҳад рафт! Муаллифи ин матлаб Дилошӯби Тоҳириён меафзояд, ки як сол дар пахтачинӣ иштирок карду бемор гашт ва баъди табобат дар бемористон ҳам асари беморӣ дар ҷисмаш боқӣ монда, ҳанӯз азияташ медиҳад. Зимнан, ин эътирози ошкорои як донишҷӯи суғдӣ дар расонаи чопӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки донишҷӯёни ҳама макотиби олии Суғд беш аз чиҳил рӯзро дар заминҳои пахта сипарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG