Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳсҳои чоҳи нафти Қашагани Қазоқистон ҳал шуд


Рузи ҷумъа Қазоқистон ба таври расмӣ мунозироти тулонии худ бо сармоягузорони хориҷиро роҷеъ ба чоҳи нафти Қашаган хотима дод. Қашаган яке аз чоҳҳои бузурги нафти дастнахурда дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар маросиме дар Остона-пойтахти Қазоқистон ҳукумати ин кишвар бо шаш ширкати сармоягузори хориҷӣ созишномае имзо карданд, ки тибқи он саҳми ширкати давлатии Казмунайгази Қазоқистон ду баробар афзоиш хоҳад ёфт ва аз 8,5 дарсад ба тақрибан 17 дарсад хоҳад расид. Ҳукумати Қазоқистон шаш ширкати хориҷиро муттаҳам карда буд, ки онҳо сармояҳои ҳангуфт сарф мекунанд, вале дар истихроҷи нафти Қашаган таъхир ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG