Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои ройгони беҳдоштӣ ба Тоҷикистон ворид шуд


Рузи панҷшанбе як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои тиббӣ дар Душанбе фуруд омад. Кумакҳои тиббӣ аслан аз дору иборат аст ва арзиши он бештар аз 3 милёну 294 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин кумакҳо ба сарпарастии сомони Ҳоуп ё Умед ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Субҳи рузи ҷумъа ба маълағи беш аз 1 милёну 190 ҳазор доллар аз ин кумакҳо таи маросиме ба таври ройгон дар ихтиёри шифохонаи шаҳрии бемориҳои гузарандаи пойтахт гузошта шуд. Дар ин маросим хонум Ниша Квост-муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Азамҷон Мирзоев-муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ин доруҳо барои муъолиҷаи бемориҳои гузаранда, ки дар фасли кунунӣ афзоиш меёбад, ба таври ройгон ба беморон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG