Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди имоми исмоилиҳои ҷаҳон аз Тоҷикистон


Имруз боздиди Шоҳзода Карим Оғохони 4 аз Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин боздид шаш руз давом мекунад ва дар ин муддат Карим Оохон бо раиси ҷумҳур, вазири хориҷа ва ҷамъияти исмоилиҳои Тоҷикистон дидор ва гуфтугу мекунад. Боздиди Карим Оғохон-имоми исмоилиҳои ҷаҳон дар чаҳорчубаи барномаҳои 50-умин солгарди имомати вай анҷом мегирад. Вай бо ҷараёни сохтмони меҳмонсарои Серена ва Маркази Ҷамъияти Исмоилиҳо дар Душанбе, ки аз суи Бунёди Оғохон сармоягузорӣ мешавад, ошно мешавад ва ба Бадахшони Тоҷикистон меравад. Карим Оғохон дар чаҳорчубаи боздиди 10 рузааш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ қаблан аз Қазоқистон боздид ва бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Боздиди вай баъд аз Тоҷикистон аз Қирғизистон идома меёбад.

XS
SM
MD
LG