Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснагӣ - хатари бузургтар аз Толибон


Пажӯҳишгоҳи салтанатии хадамоти Бритониё хатари гуруснагиро ба Афғонистон ҳатто аз хатари Толибон бузургтар хондааст. Ин созмони таҳқиқотии мақараш дар Лондон мегӯяд, як силсила авомил, аз ҷумла афзоиши нархи ғизо ва хушксолии имсола, метавонад мунҷар ба бурузи гуруснагӣ дар Афғонистон дар зимистони дарпешистода шавад.
Пол Смиф, як таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи салтанатии хадамот гуфтааст, беш аз 8 миллион нафар, ё тақрибан сеяки ҷамъияти Афғонистон, аз нигоҳи амнияти ғизоӣ дар як ҳоли хеле осебпазир қарор доранд.
Қаблан, Оксфам, як созмони дигари хайрияи Бритониё ҳушдор дода буд, ки ба 5 миллион нафар дар Афғонистон камбуди ғизо таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG