Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зязиков аз раҳбарии Ингушистон барканор шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев раҳбари ҷумҳурии ошӯбзадаи Ингушистон Мурод Зязиковро аз мақомаш барканор кард. Далели расмии барканории Зязиков нашр нашудааст, аммо Мурод Зязиков дар ҷомиаи Ингушистон эътибори зиёде надошт ва дар ин авохир аз чанд талоши сӯъиқасд ҷон ба саломат бурд. Ба назари таҳлилгарон, Ингушистон батадриҷ ба айни беназмӣ ва хушунатҳое мепечад, ки ҷумҳурии ҳамҷавораш - Чеченистонро дар гузашта ба солиёни ҷангҳои харобиовар кашонида буд.
XS
SM
MD
LG