Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наълбандиён нисбат ба мавзӯъи Қаробоғ хушбин ҳаст


Вазири хориҷаи Арманистон Эдуард Наълбандиён изҳори хушбинӣ карда, ки музокирот бар сари вилояти баҳсии Қаробоғ вориди як марҳалаи муҳим мешавад. Рӯзи якшанбе раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мавзӯъи Қаробоғро дар як мулоқот бо ҳамтоёни озарӣ ва арманиаш Илҳом Алиев ва Серж Саркисиён дар миён гузошт. Наълбандиён гуфт, Саркисиён акнун ба Порис меравад, то ин мавзӯъро бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ баррасӣ кунад. Русияву Фаронса ва Амрико раҳбарии муштараки гурӯҳи Минскро, ки САҲА ба хотири ҳалли масъалаи Қаробоғ таъсис додаанд, бар ӯҳда доранд. Қаробоғ, ки бахши аъзами ҷамъияташро арманиҳо ташкил медиҳанд, ҳанӯз дар авоили солҳои 90 аз итоати Боку хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG