Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми аз нигоҳи демократия 150-уми Тоҷикистон


The Economist Intelligence Unit, созмони таҳқиқотии вобаста ба маҷаллаи бритониёии The Economist, гузориши наваш таҳти унвони “Шохиси демократия- 2008”-ро нашр кард, ки вазъи озодиҳои демократӣ дар 167 кишвари ҷаҳонро пайгирӣ мекунад. Ин гузориш дар раддабандиаш Шветсия ва Норвегияро дар аввал гузошта, вале Кореяи шимолӣ, Чад ва ду кишвари Осиёи Марказӣ - Туркманистон ва Узбакистонро аз лиҳози демократия ақибмондатарин кишварҳои дунё унвон кардааст. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар байни 167 кишвар дар мақоми 150-ум ҷой гирифта, исмаш дар миёни 51 кишваре омадааст, ки The Economist Intelligence Unit онҳоро “низомҳои худкома” арзёбӣ мекунад. Тоҷикистон дар гузориши қаблии ин созмон, ки 2 сол пеш нашр шуд, дар зинаи 149-ум омада буд. Бар асоси гузориши имсола, имрӯз нисфи ҷамъияти ҷаҳон дар ҷомиаҳои демократӣ ба сар мебаранд, вале ҳаракат ба сӯи демократия тайи солҳои охир кунд шудааст.
XS
SM
MD
LG